Вохӯрӣ бо муовини вазири илм ва маориф

05.04.2025 15:38

4 апрели соли 2025 дар Боку вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулҳолиқзода бо муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Гасан Гасанли баргузор шуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ, механизмҳои роҳандозии тамосу ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, ҳамчунин ҷудо намудани бурсияҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg