Вохӯрӣ бо Ректори Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон

19.03.2025 16:20

18 марти соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон Герай Герабейли мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории донишгоҳи мазкурро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва ташкили таҷрибаомӯзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, масоили омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg