7 марти соли 2025 дар шаҳри Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо қароргоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон бо Муовини якуми роҳбари Агентии миллии сайёҳии Гурҷистон Тамар Корияули баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карданд.
Дар зимн ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич ва мубодилаи таҷриба миёни ташкилотҳо ва ширкатҳои соҳаи сайёҳи омодагӣ изҳор гардид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам фаъол намудани робитаҳо байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии сайёҳии Гурҷистон иброз доштанд.