Воҳӯрии Сафир бо муовини Вазири фарҳанги Гурҷистон

06.03.2025 20:57

6 марти соли 2025 дар шаҳри Тифлис Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо қароргоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон бо Муовини вазири фарҳанги Гурҷистон Гиоргий Мирцхулава мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти робитаҳо байни сохторҳои соҳавии вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Гурҷистон, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ байни ду кишвар иброз доштанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg