6 марти соли 2025 дар шаҳри Тифлис, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо қароргоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон бо Муовини вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Гурам Гурамашвили мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Тифлис бо реҷаи мунтазам муҳокима шуданд.