6 марти соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон бо қароргоҳ дар Боку Илҳом Абдураҳмон ба Президенти Гурҷистон муҳтарам Михаил Кавелашвили эътимодномаи худро супорид.
Дар маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонид.