6 марти соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон бо қароргоҳ дар Боку Илҳом Абдураҳмон бо вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвили баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.