27 феврали соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Президенти Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Иса Хабиббейли мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва илм, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима намуданд.
Мусоҳибон омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати тақвияти робитаҳои илмӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар дар самти гузаронидани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи таҷриба ва баргузории конфронсҳо ва симпозиумҳои илмӣ таъкид доштанд.
Ҳамзамон, баъди мулоқот, Сафири Тоҷикистон бо Директори Институти дастхатҳои ба номи М.Физули вохӯрӣ намуда, аз дастовардҳои нодири Институти мазкур дидан намуданд.