23 январи соли 2025 дар Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ дар ш. Боку брифинги Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои иштирокдори ИДМ, коршиносони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Зимнан Сафири кишвар Илҳом Абдураҳмон авлавиятҳои асосии раёсати Тоҷикистонро дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳо ва рушди институтсионалии Иттиҳод муаррифӣ карда, иштирокчиёни чорабиниро бо муқаррароти асосии Консепсияи раёсати Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шурои сарони давлатҳои ИДМ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудаанд, шинос намуд.
Дар рафти нишаст инчунин роҳбари Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ Фарид Шафиев, муовини якуми Маркази татдиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода, роҳбари Маркази татдқиқоти Қафқози Ҷанубӣ Фарҳод Мамедов ва директори Маркази таҳлилии “Strategic Consaltency Group” Рафиқ Исмаилов ва сафирони Федератсияи Россия ва Узбекистон дар Озарбойҷон вобаста ба мавзуъ ибрози назар намуданд.




