20 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку дар доираи 29-ум иҷлоси Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо ташаббуси кишвари мизбон чорабинии сатҳи баланд оид ба таҳкими амалҳои иқлимӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид. Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон муаррифӣ намуд.
Дар нишасти мазкур роҳбарони сохторҳои соҳавии кишварҳои узв иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи сайёҳӣ, инчунин мубориза бо пайомадҳои ин падида ба ин соҳа ва зарурати амалҳои фаврӣ ҷиҳати таъмини устувории соҳаи сайёҳиро муҳокима намуданд.