18 ноябри соли 2024 дар доираи 29-ум иҷлоси Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим чорабинии сатҳи баланд дар бораи ташаббуси Боку роҷеъ ба рушди инсон баҳри устувории иқлим» ва «Ҷойҳои кории сабз» бо иштироки намояндагони сохторҳои соҳавии кишварҳои узв баргузор гардид. Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон муаррифӣ намуд.
Зимни чорабинии мазкур масъалаҳои вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба рушди инсон, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҷойҳои корӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои марбута мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар баробари ин, намояндагони кишварҳои узв аз таҷрибаҳои худ дар роҳи мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим, аз ҷумла чораҷӯйиҳо ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кории “сабз” ва нақшаҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мубодилаи афкор намуданд.