16 ноябри соли 2024 дар ш. Боку дар толори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии СОР29 бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ – 32-юмин солгарди баргузории Иҷлоси 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сафири Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои иҷлоси СОР29 дар ш. Боку қарор доранд, инчунин ҳайати кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷики макотиби олии Озарбойҷон иштирок намуданд.
Зимни нишаст Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ва Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон дар бораи аҳамияти Иҷлоси 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии низоми конститутсионӣ дар кишвар сухан ронданд.
Зимнан нотиқон нақши муассир ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди эҳёи давлатдориии тоҷикон ва рукнҳои он, таъмини сулҳу субот ва рушду шукуфоӣ дар кишвар таъкид намуданд.