Таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Боку

24.09.2024 22:48

24 сентябри соли 2024 дар меҳонхонаи Ритс Карлтони ш. Боку пазироии расмии дипломатӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷашнвора роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатӣ ва парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон, корпуси дипломатии муқими Озарбойҷон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳли илму ҳунар ва адаб ва доираи соҳибкорони кишвари иқомат, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик ширкат варзиданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон зимни сухаронии худ оид ба рушди кишвар ва дастовардҳои он дар давраи Истиқлоли давлатӣ сухан ронда, нақши асосӣ ва муассири Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванди тақдирсози давлатдории тоҷикон қайд намуд. Зимнан густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушди бемайлони равобити дустона ва ҳамкориҳои судманди кишварамон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид гардид.

Шоми идона бо навою оҳангҳои мардумӣ ва рақсҳои миллии тоҷикӣ оро дода шуд. 

Дар ҳошияи ҷашни Истиқлоли давлатӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусаввараҳои рассомон ва намунаҳои эҷодиёти ҳунармандии мардумӣ, либосҳои миллии тоҷик, таомҳо ва меваҳои хушк ва тару тозаи ватанӣ, инчунин имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg