27 августи соли 2024 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар доираи коммуникатсияҳои минтақавии нақлиётӣ, аз ҷумла афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёна, барқарорсозии парвозҳо дар хатсайри Боку-Душанбе-Боку, инчунин иштироки намояндагони бахши соҳавии Тоҷикистон дар иҷлоси 29 Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар ш. Боку баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон роҷеъ ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои соҳавии дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.