Вохӯрии сафир бо вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон

12.04.2024 14:56

9 апрели соли 2024 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири экология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукумати оид ба ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон Мухтар Бабав баргузор гашт.

Зимни мулоқот рафти амалисозии тавофуқҳои миёни ҷонибҳо қаблан бадастомада дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, инчунин масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукумати оид ба ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо инчунин масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва иҷлоси 29-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СООР29) баррасӣ намуданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg