Таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар Боку

27.03.2024 13:34

27 марти соли 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз шоми идона баргузор намуд.

Дар маҳфили идона намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг, вакилони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафирони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангу адаби Озарбойҷон, инчунин ҳамватанони муқими шаҳри Боку ширкат варзиданд.

Маҳфил бо суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои санъаткорони тоҷик, инчунин видеосюжетҳои оид ба таърих ва анъанаҳои таҷлили Наврӯз оро дода шуд.

Дар ҳошияи чорабинӣ  Намоиши таомҳои миллии наврӯзӣ бо дастархони бо сабки  ҳафтсину ҳафтшин оришёфта, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ бо намунаи либосҳо, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ташкил гардида, инчунин мусаввараҳои рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg