Ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони мақомоти дахлдори кишвар таҳти роҳбарии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин аз 26 то 29 феврали соли ҷорӣ бо сафарӣ кории байниидоравӣ ҷиҳати шиносоӣ ва омузишӣ бозори меҳнати Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ш.Боку ташриф овард.
Дар рафти сафар вохуриҳои ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини вазири меҳнат, раиси Агентии давлатии шуғли аҳолии назди Вазорати мазкур, директори Маркази навовариҳои рақамии "DOST", раиси Нозироти меҳнат ва маркази навовариҳои рақамии кишвари иқоматтанзим гардида, масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат, муҳокима гардиданд.

