Вохӯрии Сафир бо иҷрокунандаи вазифаи президенти ҶСП “Азербайҷан Ҳава Йоллари”

21.02.2024 11:22

20 феврали соли 2024 дар ш. Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи президенти ҶСП “Азербайҷан Ҳава Йоллари” (AZAL)  Самир Рзаев баргузор гашт.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, аз ҷумла барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Боку-Душанбе-Боку баррасӣ гаштанд. Ҷонибҳо иқдомҳои минбаъадаро оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти мазкур мушаххас намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои мусбат ва дустона сурат гирифт.        

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg