8 феврали соли 2024 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Парвиз Шахбозов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои энергетика, бахусус ҷалби сармояи ширкатҳои озарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз қабили бунёди неругоҳҳои нави барқию обӣ ва офтобӣ, роҳҳои интиқол ва коркарди нафти хом дар Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои бонуфузи озарӣ дар кашфи майдонҳои захираи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор доданд.