Вохӯрии Сафир бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

08.12.2023 16:31

7 декабри соли 2023 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири иктисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Джаббаров баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорихои дуҷониба дар самти иқтисодиву тиҷоратӣ, саноату наклиёт, интиколи борхои транзитӣ ва сармоягузорӣ дар бахши саноату энергетика муҳокима гардид.

Зимни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди рушди ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин коркарди абзорҳои нави рушди равобити дуҷониба бо истифода аз фазои мусоид ва имкониятхои мавҷуда, табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg