Рӯзҳои 16 ва 19 ноябри соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки корпуси дипломатӣ, доираи соҳибкорон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Боку, ба хотири Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ маҷлисҳои тантанавӣ баргузор кард.
Зимни суханрониҳои табрикӣ Сафир нақши тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар иттилои муфассал дод.