Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон

17.11.2023 14:09

17 ноябри соли 2023 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Шарифов Самир Анвер оғлу баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ, энергетикӣ, саноатӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, илм ва маориф буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳамаи бахшҳо, танзими сафарҳои мутақобил, инчунин коркарди абзорҳои нави равобити дуҷониба табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg