Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари «AZPROMO»

26.09.2023 10:19

25 сентябри соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Агентии пешбурди содирот ва сармоягузории Озарбойҷон (AZPROMO) Юсиф Абдуллаев мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ва дурнамои рушди онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Мусоҳибон омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, сохтмон,  коркард ва истихроҷи маъдан, гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва азхудкунии технологияҳои нав таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg