15 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 33-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок намуд ва дар суханронии худ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир муаррифӣ намуд.
Зимни ин чорабинӣ бо додситонҳои генералии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳои узви ИДМ вохӯриҳои дуҷонибаи алоҳида баргузор гардиданд.
Дар нимаи дуюми рӯз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 4-уми додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуда, дар бораи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бо дарназардошти вазъияти амниятӣ дар Афғонистон суханрони намуд.
Хамзамон бо додситонҳои кулли Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҳамкорони хориҷӣ мулоқотҳои дуҷониба сурат гирифт.