Супоридани эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон И. Абдураҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев

18.08.2023 18:41

18 августи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев эътимодномаи худро супорид.

Пас аз супоридани эътимоднома, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев Сафирро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg