28 июли соли 2023 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти Сафир бо Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангу гуманитарӣ, маориф ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.