9 июни соли 2023 Сафорат дар 11-умин Фестивали байналмиллалии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA) баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар чорабинӣ 35 сафоратҳои муқими Ҷумҳурии Озарбойҷон ва хабарнигорон иштирок карданд. Ҳадаф аз барпо намудани фестивал муаррифии таърих, фарҳанг, санъат ва таомҳои миллии давлатҳои хориҷӣ буд.
Дар ҳошияи фестивал дар гӯшаи миллии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои пурғановати мардумӣ, аз ҷумла сузанӣ, атлас ва адрас, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз сафол ва чӯб, сангҳои рангаи Тоҷикистон, маводи чопӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвари мо муаррифӣ шуданд.
Дар як қисми ин гӯша дастархони тоҷикӣ иборат аз хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳо ороста шуд.
Дар охири чорабинӣ намоишҳои эҷодӣ бо муаррифии ашъор, сурудҳо ва рақсҳои миллӣ барпо шуданд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд.