Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсуси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуд

16.05.2023 15:15

16 майи соли 2023 ҳайати парлумонӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар шаҳри Боку иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Маҳмадтоир Зокирзода ба Раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова барои даъват ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории таърихӣ бо Озарбойҷонро, ки бар эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки натиҷаҳои он дар солномаи муосири муносибатҳои байни ду давлат саҳифаи нав кушод.

Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду давлат рушду таҳким меёбанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg