Мулоқот бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон

11.04.2023 15:34

10 апрели 2023 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон ҳамраиси тозатайини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии номбурда, раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷонибаи дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ имзошуда, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиётию транзитӣ ва дигар мавзӯҳо мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули фаъоли афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg