23 марти соли 2023 дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: ӯҳдадориҳо барои ворид намудан ба Рӯзномаи амал оид ба об”, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва Бонки Ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси оби СММ-2023 баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ аз рисолати муҳими Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар таъмини кишварҳои минтақа бо платформаи ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ёдрас гардида, изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар Хазина ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об ва баланд бардоштани эътибори ин созмони беназир саъю кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
С.Муҳриддин инчунин роҷеъ ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, аз қабили обшавии пиряхҳо, коҳиши маҷрои дарёҳо, афзоиши падидаҳои шадиди гидрометеорологӣ сухан ронда, қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва Конфронси таърихии СММ оид ба об имконияти беназирро барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати қабули ӯҳдадориҳои нав дар ин самт фароҳам меоварад.