Мулоқоти маҷозӣ миёни мақомотҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Озарбойҷон

09.02.2023 14:42

8 феврали соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон мулоқоти маҷози миёни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар заминаи рушди авиатсияи гражданӣ ва барқарории парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Бокуро баррасӣ карданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ изҳор намуд, ки дар ҳоли ҳозир имконияти кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ омӯхта мешавад, ва яке аз нуктахои аввалини нақшахо аз нав баркарор намудани алоқаи хавои миёни Душанбе ва Боку мебошад.

Ҷониби Озарбойҷон қайд кард, ки дар шароити ҳозира васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ аҳамияти калон дорад. Ӯ афзуд, ки мақомоти авиатсионии Озарбойҷон омодааст, аз оғози парвозҳо аз Душанбе ба Боку бо шартҳои мутақобилан судманд барои ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар пуштибонӣ кунанд.

Дар навбати худ Сафири Тоҷикистон мулоқоти имрӯзаро омили муҳими рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни Агентиҳо хуб арзёбӣ намуда, заррурати ҳарчи зудтар барқарор намудани парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон шаҳрҳои Душанбе ва Боку барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва гуманитариро қайд намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg