Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон

09.02.2023 10:13

8 феврали соли 2023 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халафов Халаф Алӣ оғлу баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ, авиатсионӣ, энергетикӣ, саноатӣ, ҳарбӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, илм ва маориф буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳамаи бахшҳо, танзими сафарҳои мутақобил, инчунин коркарди абзорҳои нави равобити дуҷониба табодули фаъоли афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg