28 январи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Роҳбари мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба оқибатҳои фоҷиабор дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷониби озарбойҷонӣ изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.