22 декабри 2022 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизионии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Сафорат, ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон таҳсил менамоянд, фаъолони ҷамъияти тоҷикистониён дар кишвари иқомат ширкат варзиданд.
Пас аз пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир Рустам Солӣ бо иштирокдорон мулоқот анҷом дода, аз иштирокдорон дархсот ба амал овард, ки дар фаъолияти хеш тибқи дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми Пешвои миллат, садо доданд, амал намуда, тамоми талошҳои худро баҳри татбиқи онҳо равона созанд.
Инчунин бо ибтикори Сафорат барои курсантҳои тоҷик, ки дар Донишкадаи ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ш.Боку ва Академияи Хадамоти давлатии марзбонии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳсил мекунанд, тамошои дастаҷамъонаи пахшм мустақими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил карда шуд.