ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РӮЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР БОКУ

25.11.2022 16:10

24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Боку ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, вакилони Милли Меҷлиси Озарбойҷон (аъзоёни Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ), намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Боку, Сафирон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Озарбойчон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Рустам Солӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашн табрик гуфта, роҷеъ ба таърихи пайдоиши он ва рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, аҳамияти баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии тоҷикистон, онро кадами аввалин ба сӯи давлатдории миллӣ номид, ки дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон сабт шудааст.

Инчунин дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, рушду инкишофи кишвар ва таъмини сарҷамъиву иттиҳоди мардум таъкид намуда, ба иштироккунандагон оид ба дастовардҳои ахири сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои кишвар маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон - мудири шӯъба оид ба масъалаҳои ҳарбии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, аввалин Сафири Фавқулода ва Мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон Маҳаррам Алиев бо сухани табрикӣ дар назди ҳозирин ироа намуд.

Номбурда зимни суханронии худ дар бораи аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI-ро дар рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаи Раҳмон дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён инчунин навор оид ба дастовардҳо ва мавзеъҳои ҷолиби кишвар – «Тоҷикистон – гавҳари шарқ» намоиш дода шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg