1 ноябри соли 2022, машваратҳои консулӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ш. Боку баргузор шуд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон иборат аз сардори Сарраёсати консулии Вазорат Сафарзода Баҳодур Давлат, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии Сарраёсати консулӣ Файзуллозода Фаридун ва намояндагони Сафорат иштирок доштанд. Аз ҷониби Озарбойҷон намояндагони Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии муҳоҷират ширкат варзиданд.
Зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои умумии ҳамкории консулӣ, заминаи ҳуқуқии он ва такмили ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи консулӣ, татбиқи Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963,
таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони муқими Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ҳамкории ҷонибҳо дар доираи Конвенсия оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар корҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002, саривақт расонидани маълумот дар бораи қарорҳои судӣ нисбат ба шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ намуданд.
Аз ҷониби Озарбойҷон бо ҳамоҳангии ҳайати Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки рӯзҳои наздик лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бахши консулӣ ва Созишнома оид ба таъмини нафақаи шаҳрвандон миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои баррасӣ ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Протоколи даври дуюми машваратҳо доир ба масъалаҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.