Мулоқоти нахустини гурухи кории байниидоравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

23.09.2022 12:05

23 сентябри соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ва ҳайати Озорбойҷониро Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элчин Зейналов раҳбарӣ карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои судманди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои кишоварзӣ ва ғизо табодули афкор намуда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар ин соҳаҳо муайян намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg