Сарфи назар аз имзои протоколи дуҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъият дар сарҳад, аз ҷониби Тоҷикистон якчанд амалҳои иғавогаронаи ҷониби Қирғизистон ба қайд гирифта шуд, ки боиси шиддатнокӣ дар минтақаи сарҳадӣ мегардад.
Ҷониби Қирғизистон дар мавриди хуруҷи нерӯҳо ва техникаҳои вазнини ҳарбии худ аз хати марзӣ амали бардуруғ нишон дода, дар асл онҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишини наздисарҳадии ноҳияҳои Лайлак ва Чон-Алайи вилояти Бодканд пинҳон менамояд.
18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи сараҳдии “Сарҳадчӣ” дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон 4 адад техникаҳои вазнини ҳарбии зиреҳпуши (“БТР”, “БМП”, “БРДМ” ва “ЗУ”) 22 мм-и Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба қайд гирифта шуд.
19 сентябр дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини ба номи А.Лоҳутӣ дар шаҳри Конибодом ҷойгиршавии 12 адад техникаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ошкор карда шуд.
Ҳамчунин, 19 сентябр дар масофаи начандон дур аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 “Нуробод” дар ноҳияи Деваштич ҳузури қушунҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон бо шумораи 70 нафар муайян карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон далелҳои сершумори вайрон гардидани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қирғизистонро тавассути таҷҳизоти бесарнишини парвозкунанда, пайваста ба қайд мегирад. Аз ҷумла 19 ва 20 сентябр парвозҳои таҷҳизоти бесарнишини парвозкунандаи Қирғизистон дар фазои ҳавоии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашт, дидбонгоҳҳои сарҳадии «Сархадчӣ» ва «Ширинчашма» дар ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк» дар ноҳияи Деваштич, инчунин қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд.
Тоҷикистон бори дигар аз ҷониби Қирғизистон ҷиҳати иҷрои қатъии протоколҳои имзошуда дар бораи ба эътидол овардани вазъият дар мавзеъҳои сарҳадӣ даъват ба амал меорад. Дар акси ҳолат, ҷониби Тоҷикистон ин вазъиятро ҳамчун омодагии Қирғизистон ба амалҳои навбатии таҷовузкорона арзёбӣ хоҳад кард.
Зимнан, масъулияти паёмади чунин иқдомҳои иғвогарона ба души ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.