18 августи соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Казимов Талеҳ Таҳир оғлу баргузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи молия, қарз ва бонкдорӣ буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати таҳияҳои лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои молия, қарз, бонкдорӣ ва фаъолияти суғуртавӣ, ташаккули заминаи ҳуқуқии равобит ва танзими мулоқотҳои коршиносони ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.