Ифтитоҳи ботантанаи Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Батуми

08.08.2022 17:01

5 августи соли 2022 дар шаҳри Батумии Гурҷистон бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи расмии он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Соли, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе, Вазири молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Ҷаба Пхуткарадзе, шаҳрдори Батуми Арчил Чиковани ва муовини ӯ, Раиси Шӯрои маҳаллӣ Сулико Тебидзе, консулҳои генералии Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон Анзор Болквадзе, Тите Арошидзе ва Ресан Конселидзе, намояндагон. доирахои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотии худ назди ҳозирин қайд кард, ки ифтитоҳи Консулгарии фахриро ба муносибати 28-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон, рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зикр намуд ки ин шаҳодати сатҳи баланди равобити байни ду кишвар аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ба Сафири Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батуми изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ифтитоҳи Консулгарӣ фахрии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад. Ӯ изҳор намуд, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Минтақаи фаъолияти Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария, вилояти Самегрело-Земои Сванети хоҳад буд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg