Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Боку

28.06.2022 16:11

28 июни соли 2022 дар шаҳри Боку ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, Миллӣ Меҷлиси Озарбойҷон, сохторҳои гуногуни давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Озарбойҷон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ иштирок доштанд.

Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ оид ба нақши таърихии Ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, марҳилаҳо ва роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, аҳамияти байналмилалии истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон, дар муттаҳид гардонии миллат, суханрони намуд. Ӯ махсусан нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноил шудан ба сулҳу ваҳдати кишвар таъкид намуд.

Сипас, ӯ ба ҳозирин оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, инчунин аз сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар маълумот дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg