22 июни соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дар ҳамкорӣ бо узви Иттифоқи рассомони Озарбойҷон Элнура Искендерова бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар Маркази Ҳайдар Алиев дар ноҳияи Ясамали шаҳри Боку намоиши мусавввараҳои рассомони ҷавони озарбойҷонӣ таҳти унвони «Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз насл ба насл» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси ноҳияи Ясамал Элшод Гасанов, Директори Маркази Ҳайдар Алиев-и ноҳия Ясамали шаҳри Боку Намине Умарова, Роҳбарон ва намояндагони Сафоратҳои муқими шаҳри Боку, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Дар намоишгоҳ беш аз 70 мусаввара ба намоиш гузошта шуд, ки зебоии нотакрори табиат ва манзараҳои таърихии Тоҷикистонро намоиш медиҳанд.
Сафири Тоҷикистон дар назди ҳозирин дар сухани ифтитоҳиаш баргузории ин намоишгоҳро дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои Тоҷикистон ва таҳкими равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ва мардумони минтақа муҳим арзёбӣ кард ва ба кулли ширкаткунандагон барои иштироки фаъолонаашон дар ин чорабинӣ изҳори сипос кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳамаи рассомони ҷавоне, ки дар намоишгоҳ иштирок доштанд, бо дипломҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.