17 июни соли 2022 Сафорат бо ташаббуси Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA) дар 10-мин Фестивали байналмилалӣ оид ба рӯнамои таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар Фестивали мазкур 35 сафоратҳои муқими кишвари иқомат ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳалӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд. Мақсад аз барпо гардидани чорабинии мазкур, муаррифии таъриху фарҳанг, рӯинамо ва пешкаш намудани хурокҳои миллии давлатҳои хориҷӣ буд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ, таърихи ғании халқи тоҷик, фарҳанг, санъат, эҷодиёт, мусиқӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ, рақси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикон, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намо гузошта шуданд.
Чорабинӣ бо оҳангу сурудҳои миллӣ ва рақс доир гардид, ки дар онҳо меҳмонон ба як завқи баланд ширкат карданд.