29 майи соли 2022 дар шаҳри Шамахии Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар ин нишаст кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони Мақомоти иҷроияи шаҳри Шамахи, дипломатҳои хориҷии муқими давлати иқомат, инчунин донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои олии таълимии Озарбойҷон таҳсил доранд, ширкат варзиданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ боздиди иштирокчиён аз Боғи дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон воқеъ дар деҳаи Мейсарии ноҳияи Шамахии Озарбойҷон ташкил шуд.