Баргузории “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” дар Озарбойҷон

23.05.2022 15:21

Аз 20 то 22 майи соли 2022 дар шаҳри Боку мавсими 12-уми “Ҳафтаи мӯди Озарбойҷон” – “Azerbaijan Fashion Week” баргузор гардид.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ таҳти роҳбарии таъсисдиҳандаи “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” – “Tajikistan Fashion Week” Тоҳир Иброҳимов намоиши маҷмӯаи тарроҳони шинохтаи тоҷик – Умед Кучкалиев, Нафиса Имранова, Вайс Асоев, Гугуш Ашӯрова ва Фарида Саидова танзим шуд.

Дар ҳамоиш кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур доштанд.

Ин тарҳҳо дар худ унсурҳои куртаи чакан ва дигар нақшу нигори миллиро дар бар гирифтанд. Намоиши “Tajikistan Fashion Week” соҳаи мӯд ва имконоти ресандагию бофандагии Тоҷикистонро дар Озарбойҷон ба таври шоиста муаррифӣ намуда, ба ташвиқи маҳсули ҳунари тарроҳони тоҷик ва тақвияти ҳамкорӣ миёни тарроҳони ватанию хориҷӣ мусоидат хоҳад расонид.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg