Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуд.

18.05.2022 09:34

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони у Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбоӣҷон Рустами Солӣ ва ҳайати ҳамроҳон дар кори  Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку таҳти раёсати Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Гаффорова баргузор гардид иштирок намуд.  

Дар оғози ҷаласа, дар қатори дигар масъалаҳо ҳисоботи натиҷаҳои дуюмин конференсияии Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, дастурамали фаъолияти Ассамблея ва инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи Созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.  

Пас аз маросими расмгирии Сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, рӯзи  17– уми май баъди нисфирӯзи ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо иштироки сарони парлумонҳои кишварҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон, Озарбоӣҷон, Тоҷикистон ва Дабири куллӣ созмони мазкур ба кори  худ оғоз намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg