Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон бо аъзои гуруҳи дӯстии Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд.

18.05.2022 09:32

Шоми дирӯз ҳаӣати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳаӣати ҳамроҳони ӯ  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, мудири  котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон Амриддин   Қосимзода, ки ҷиҳати иштирок, дар кори Конфроинси 3-юми генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки ба шаҳри Боку омаданд, дар маӣдони ҳавоӣии баӣналмилалӣ  Раиси кумитаи илм ва маорифи Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Бахтиёр Алиев ва Раиси гуруҳи дӯстии Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Парлумони Тоҷикистон  Аӣдин Мирзозода истиқбол намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронии хеш оиди  Парламенти имрӯзаи Тоҷикистон ва рӯшди Парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. 

Раиси парлумони касбии мамлакат ба вижа аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бунёди парлумон дар кишвар, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба таҳкиму тақвият бахшидани алоқаҳои байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон махсус таъкид карда шуд.

Ҳамкориҳои парлумонии байни ду кишвар густариш ёфта, ҷонибҳо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ташкил кардаанд, ки мунтазам вохӯриҳои корӣ доир менамоянд.  

Роҷеъ ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ибрози назар намуда, Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки бинобар наздик будани фарҳангу тарзи зиндагии халқи ду кишвар, ҷонибҳо ба табодули фарҳангӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Санъати мусиқии миллии ду кишвар ба мисли мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом”-у “Фалак” ва озарӣ “Мугам” ё “Ашиг” хеле ба ҳам наздиканд.

Зикр гардид, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст. Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ дар чорчӯбаи созмонҳои Созмони Милалӣ Муттаҳид, САҲА ва ИДМ шарикони боҳамто мебошанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин фаъолияти пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбоӣҷон Илҳом Алиев ва саҳми шоёни онҳоро дар рушду нумӯи  ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ Тоҷикистону Озарбоӣҷон  ба таври хоса таъкид намуданд.

Дар мулоқот Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Озарбоӣҷон Рустами Солӣ иштирок намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg