Рӯзи 7 май дар чаҳорчӯбаи Конфронси байналмилалӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) Ку Донгю баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуданд.
Дар раванди вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ низ иштирок дошт.