6 майи соли 2022 сафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт.
Зимни сафар Каримзода Саъдӣ Ғафор дар конфронси байналмилалӣ оид ба гузариши рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ иштирок намуд. Дар ҳошияи сафар мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инам Каримов баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои чорводорӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркарди махсулоти кишоварзӣ, аз қабили истеҳсоли мураббо ва шарбатҳои гуногун, таъсиси гурӯҳи кории муштарак миёни ду ниҳод таҳти роҳбарии муовинони вазирони кишоварзии ду кишвар, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷуёни тоҷик ҷиҳати таҳсил дар Донишгоҳи давлатии аграрии Ганҷа ва табодули таҷрибаи миёни олимони соҳаро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи иштирок дар конфронси мазкур вохӯрии Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Директори генералии Созмони байналмилалии “Vine and Wine” Пабло Роха Бласко баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба созмони зикршуда матраҳ гардид, ки дар ин маврид ба мувофиқа расида шуд, то мавзӯъ тавассути роҳҳои дипломатӣ баррасӣ шавад.