25 апрели соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалии ин кишвар Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ ҳангоми суханронии худ иброз дошт, ки маҳз ба шарофати талошҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муносибатҳои тарафайн ба ҳусни тафоҳум ва эътимод асос ёфтааст. Ин раванд барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон – мудири шӯъбаи Маъмурияти Президент оид ба масъалаҳои ҳарбӣ, собиқ Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магеррам Алиев, кормандони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Роҳбари Гурӯҳи дӯстии Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Айдин Мирзазаде, Директори Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ Фарид Шафиев, вакилони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафирони Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Гурҷистон, роҳбарият ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Боку, Академияи дипломатии Озарбойҷон, кормандони Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, сиёсатшиносони маҳаллӣ, муҳаққиқони минтақаҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.